Ҷамъбасти фаъолияти Раёсату шуъбаҳои КҲФ дар 9 моҳ

Дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, инчунин дар шуъбаҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт натиҷаҳои фаъолият дар 9 моҳи соли 2020 ҷамъбаст карда шуданд, ки дар он роҳбарияти Кумита ва роҳбарони шӯъбаҳои асосии Кумита ширкат варзиданд.

 Дар ҷаласаҳо роҳбарон самтҳои асосии фаъолиятро таҳлил ва аз корҳои анҷомшуда ҳисобот доданд. Дар ҳам аи ин ҷаласаҳо таоюлҳои калидии нуҳ моҳи охирро зикр намуданд ва таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рӯйдодҳои дарпешистодаи сол ҷалб карданд. Ғайр аз ин, ҳисоботи роҳбарони Раёсатҳо дар бораи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ ва омодагӣ ба давраи зимистон шунида шуданд.

Дар поёни ҷаласа вазифаҳои асосии Раёсати КҲФ то охири сол муайян карда шуданд:

- ташкил ва гузаронидани корҳои таблиғотӣ, иттилоотӣ ва дезинфексионӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, инчунин чорабиниҳои пешгирикунанда бо мақсади кам кардани хавфи офатҳои табиӣ, роҳ надодан ба марг ва осеби одамон;

 - омодагии пурраи дастаҳои наҷот ва ҳамаи воҳидҳои сохторӣ ба давраи зимистон;

- баланд бардоштани сифати тайёрии касбии кормандони раёсатҳо.