Тадбирҳои зиддиуфунӣ дар вилояти Суғд

Аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ҳамарӯза корҳои поккорӣ  бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ идома доранд. Айни замон корҳои зиддиуфунӣ дар биноҳои истиқоматии баландошёнаи маҳаллаи 31-ум давом дорад.

Дар давоми ҳафтаи охир аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати вилояти Суғд  корҳои зерин ба сомон расонида шуданд:

- 60 адад биноҳои баландошёна,

- 98 адад ҳавлиҳои истиқоматӣ;

- бино бо тамоми иншоотҳои ёрирасон ва майдончаи варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Алиҷон Давлатов ва  Гимназияи рақами 1-уми шаҳри Хуҷанд;

- бинои Комендатураи ҳарбии вилояти Суғд бо тамоми иншоотҳои ёрирасонаш;

- литсейи касбии рақами 44-уми шаҳри Хуҷанд;

- маркази саломатии рақами 1-уми шаҳри Хуҷанд иборат аз ду даромадгоҳ, 54 утоқи корӣ ва тамоми биноҳои ёрирасони он илова бо роҳравҳои дутарафа безарар гардонида шуд.

Дар рафти поккорӣ наҷотдиҳандагон даромадгоҳи биноҳои, роҳравҳо ва дигар иншоотҳои дар ҳудуди  хонаҳои истиқоматӣ  ҷойгир бударо бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ поккорӣ менамоянд.

Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо шахсони масъули маҳаллаҳои мазкур  корҳои тарғиботии ташвиқотӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи маводҳои антисептикӣ, ҳар чӣ бештар шустани дастон бо собун, истифодаи бандинаҳои тиббӣ, бардани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, ба тавсияҳои Кумита, Вазорати тандурустӣ амал намудан сӯҳбатҳо гузаронида шуд.

Корҳои безараргардонӣ ва тарғиботӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҷиҳати иҷрои протоколҳои ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сироятии нави коронавируси COVID-19 аз  27 апрел то санаи 10 сентябри 2020 аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат вилоят, Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон  ва бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд  дар биноҳои баландошёна, хонаҳои истиқоматӣ, ташкилоту идораҳо ва дигар иншоотҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ дар масоҳати умумии 958 ҳазору 708 метри мураббаъ корҳои безараргардонӣ бо истифода маҳлули гипохлорид натрий гузаронида шудааст.

Шаҳзодахон Бутаева,
сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат,
лейтенанти калон