Ахбори рӯз

Тамринҳои омодабош ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Шаҳринав

Мудофиаи гражданӣ омодагии кофӣ мехоҳад ва бахусус дар ҳамин шабу рӯзе, ки зимистон дар мекӯбад ва барфу борон омехта ба ҳам меборанд, хатари офатҳои табиии эҳтимолӣ ҳам зиёд аст. Нерӯҳо ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора барои омодагӣ ба ҳар ҳолати эҳтимолӣ дар тамринанд. Ҳамин гуна як машқи тактикӣ ахиран дар ноҳияи Шаҳринав гузашт.

Нармии ҳаво дар рӯзҳои 13-14 январ эҳтимолияти лағзиши тармаро бештар мекунад

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки рӯзҳои 12-13 январи соли равон дар аксари ноҳияҳои кишвар туман меояд. Ду рӯзи баъдӣ, яъне рӯзҳои 13-14 январ ҳаво рӯ ба софӣ меорад, абрҳои боронӣ осмонро холӣ мекунанд, ҳарорати ҳаво низ вобаста ба ин тағйир меёбад. Табиист, ки мулоим шудани ҳарорат муҷиби обшавии барфҳо

Таҳдиди хатари тарма дар ағбаҳои Фахробод, Чормағзак ва Шаршар

Бо вуҷуди ҳушдорҳову эълонҳо дар мавриди мушкилоти ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳамоно ронандагон қоидаҳои ҳаракатро риоя намекунанд. Рӯзи гузашта бар асари беэҳтиётии ронанда мошини тамғаи Мерседес дар Фондарё фурӯ рафт ва ронандаи он, шаҳрванди 27-солаи кишвар ба ҳалокат расид. Барфу боронҳои шадиди шабонарӯзи охир ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Аммо роҳҳо бозанд,

Семинари омӯзишӣ-таълимӣ барои директорони мактабҳои Душанбе

Дар Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои 24 нафар директорони муассисаҳои таъимии пойтахт семинар баргузор шуд.

Чорабинӣ бо мақсади татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе  № 851 аз 28 декабри соли 2018  «Дар бораи татбиқи Нақшаи

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд як соли фаъолияти худро ҷамъбаст кард

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд таҳти раисии сардори раёсат ва ширкати сардори шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Раиси вилояти Суғд Т.Тӯйчизода ҷаласаи ҷамъбастии кори воҳидҳои сохтории КҲФ дар соли 2018 баргузор шуд.

Полковник Б.Додиён – сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҷаласаро ифтитоҳ кард ва дар бораи тамоилҳои калидии фаъолиятҳои Раёсат дар соли сипаришуда ҳарф зад. 

Страницы