Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон сагҳои кинолог харидорӣ кард
Чоп шуд: 08/10/2018 | admin
Сагҳо дар хадамоти наҷот. Бори аввал Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода аз сагҳои хидмативу омӯзишдодаро дар наҷоти одамон дар офатҳои табиӣ таҷриба мекунад. Амин гуна як вохиди вижа ҳам дар сохтори Кумита таъсис шуд ва он марҳилаҳои аввали фаъолияти худро мегузаронад. Бори аввал сагбачаҳо барои омӯзиш ва тамрин харидорӣ шуданд. Ин таҷриба чӣ натиҷа хоҳад дод, вақт нишон медиҳад.