Ахбори рӯз

Тамринҳои кӯҳпаймоӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон

Илоҷи воқеъа қабл аз вуқуъ. Аслан ҳамаи тамринҳое, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд, ба хотири одагиҳо ба ҳолатҳои эҳтимолии фаавқулодаанд. Ва Кумита ин гуна барномаҳо зиёд дорад ва ҳадаф ҳам он аст, ки наҷотдиҳандагон на танҳо донишҳои назариявӣ дошта бошанд, балки дар амал ҳам ҳолоти мухталифро тамрин кунанд ва худро аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаҳо омода созанд.

Баргузории ҷаласаи навбатии РЕАКТ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд. Ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сардори Раёсат, полковник Б.Додиён доир шуд, ки дар он  намояндагони як қатор

Баҳси омилҳои терроризм ва экстремизм дар сӯҳбат бо файласуф Комил Бекзода

Олими тоҷик Комил Бекзода бар ин назар аст, ки агар ҷомеа аз амалҳои террористон пуштибонӣ накунад, онҳо заъиф хоҳанд буд ва ҳаргиз ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки мубориза бо ин падидаи манҳус танҳо кори хадамоти махсус нест. 15 сентябри сол 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шаҳри Олмаато ҷаласаи ёздаҳуми шӯрои ҳамонҳангсозии давлатҳои узви СПАД оид ба ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуд

Имрӯз, 12 сентябр  дар шаҳри Олмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ёздаҳумин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба кори худ оғоз намуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник М.Салимзода намояндагӣ мекунад.

Анҷоми тамринҳои муштараки шаш кишвари узви СПАД дар Қазоқистон

10-11 сентябри соли 2018 дар вилояти Олмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сеюмин омӯзиши муштараки тактикии  «Скала-2018» бо воҳидҳои мақомоти салоҳиятдор дар самти пешигирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви СПАД баргузор шуд, ки дар он  воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкар варзиданд.

Страницы