КҲФ: Эҳтимоли омадани селҳо рӯзҳои 22-23 август зиёд аст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 21/08/2024 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 22-23 августи соли 2024 дар дар як катор ноҳияҳои кӯҳи ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо эҳтимол дорад.
Ғайр аз ин дар пасманзараи болоравии ҳарорат эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, резиши санг аз кӯҳу туппаҳо ва ярч вуҷуд дорад.