Ахбори рӯз

30 соли КҲФ. Барномаҳои рушди Кумита қадам ба қадам

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои рушди иҷтимоъӣ - иқтисодии Барномаҳо ва консепсияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 феврали соли 2008 Кумита бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии МГ ва ҲФ «Барномаи рушди системаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2009-2014» таҳия ва дар амал тадбиқ намудааст.

Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли омадани селҳо дар баъзе навоҳии кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки рӯзи 9 августи соли ҷорӣ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел бар

Ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор кумак расид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ёрӣ ба аҳолии зарардида аз  офатҳои табиӣ ҳамроҳ бо Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар ҶТ ба сокинони аз сел осебдида, кӯмак расонд.

30 соли КҲФ. Ташкилёбии мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Дар олам ҳеч чизе бидуни таърих нест, ҳар ниҳодеро ҳам сарнавиштест, ҳар сохторе оғози таъсис дорад ва марҳилаҳои рушду тавсеа. Аз ҷумла, мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ки аввалин саҳифаҳои таърихи худро дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, аниқтараш дар соли 1918 навишт. Замоне, ки нахустин ҳавопаймоҳо дар фарози майдони ҷанг

Наҷоти як зани 33-сола, ки қасди худкушӣ дошт. Ҳалокати ду духтари ноболиғ дар обҳои кишвар

7 августи соли 2024 тахминан соати 00:31 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лахш садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Як автомошинаи тамғаи ВАЗ 2114, ки аз ҷониби як сокини 38-солаи деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Лахш идора мешуд, ҳангоми убур аз пули мошингузари деҳаи Каёндеҳ ба канали Ғулама сарозер гашт. Сабаби ин ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.  Бар асари ин рӯйдод як духтарчаи 4-сола дар оби канал ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад. Соати 01:45 дақиқа ҷасади ноболиғ аз тарафи сокинон пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

Страницы