Ахбори рӯз

Болоравии сатҳи оби Хингобу Сурхоб бар асари об шудани пиряхҳо

Рӯзҳои 25-26 июли соли 2024 бар асари болоравии ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳо сатҳи оби дарёи Хингоб баланд шуд ва 48-километрии роҳи мошингарди Лаби Ҷар-Сангворро, ки аз тариқи деҳаи Ёзганд мегузард, зери об кард. Ғайр аз ин об қитъаи наздиҳавлигии як сокини ҳамин деҳаро низ пур кард.

Дар 7 моҳи охир дар обҳои кишвар 118 нафар ҷони худро аз даст додаанд

28 июли соли 2024 соати 13:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ наҷотдиҳандагони навбатдор аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як шаҳрвандро дар обанбори «Баҳри тоҷик» бо дурбин мушоҳида карданд, ки тадриҷан дар об ғарқ мешуд. Онҳо фаврӣ худро ба макони ҳодиса расонданд ва ҷавонро,

Хабараҳо аз Раёсати Хатлон

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2024, фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади санҷидани сатҳи омодагии мақомоти идорӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид, тӯфони гарду ғубор ва селҳо аз 27-уми июл то 1-уми август

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 27 июл то 1-уми авггувсти соли 2024  дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди ниҳоӣ гарм мешавад. Дамои ҳаво ба ҳадди 40-43 дараҷа дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, то 43-46 дараҷа дар қаламрави вилояти Хатлон, аз 37 то 40 дараҷа гарм дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, 40-42 дараҷа дар ноҳияи Дарвоз дар назар дошта шудааст.

Омӯзишҳо дар Истаравшан

Аз 24-ум то 26-уми июли соли 2024 оид ба татбиқи Нақшаи асосии чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои соли 2024 омӯзишҳои маҷмӯӣ гузаронида мешавад. Дар шаҳри Истаравшан дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зерсистемаҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» дар се давра машқҳои комплексӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Страницы