Се соҳибҷоизаи Кумитаи ҷавонон аз миёни наҷотдиҳандагони ҷавони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуд ва соҳибҷоизаҳо дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти ҷавононро ном бурд.

Чунончӣ, дар номинаи “Барои ҷасорат ва мардонагӣ” ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ се нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Инҳо: Сардори гурӯҳи дуюми Воҳиди наҷоти КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб лейтенант Бобоев Сорбон, наҷодиҳандагон лейтенанти калон Фаррухи Маҳмадназар ва прапоршик Қараев Файзиддин мебошанд. 

Созмондиҳандагони озмун қайд карданд, ки бо талошҳои имдодгарон ҳар рӯз ҷони инсонҳо наҷот дода мешавад ва онҳо аксар вақт ҷони худро дар хатар гузошта, ҳаёти дигарро наҷот медиҳанд.

Роҳабрият ва ҳайати шахсии КҲФ ҳамкорони худро ба ин муносибат муборакбод мекунад ва ба онҳо дастовардҳои баландтарро дар иҷрои вазифаҳояшон таманно дорад. 

барчасп: