Activities calendar

03 октября 2018

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби бинои нав бароии Маркази омӯзишӣ шуд

Маркази омӯзишиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки як ниҳоди тозатаъсиси омӯзишист, бо бинои нав ва муҷаҳҳаз таъмин гардид. Ин бино дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Кумита сохта шуд ва маблағгузори он Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ буд. Бинои сеошёна дар муддати як сол сохта шуд ва имрӯз маросими таҳвили он баргузор гардид.

Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Япония

Дуввуми октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Япония сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии