Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табииро таҳким мебахшанд

Имзои Созишномаи байнидавлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби ҳамкориҳои минтақавӣ миёни кишвар ва Афғонистон дар самти коҳиши хатари офатҳо, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода саҳифаи тоза боз кард. Ин созишномаи байнидавлатӣ дирӯз, дар доираи конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳо ба имзо расид.

 Созишномаи байнидавлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид.  Ин Созишномаро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Вазири давлатӣ дар умури мубориза бо офатҳои табиӣ ва масоили башардӯстии Агентии миллии идораи офатҳои Афғонистон ҷаноби Наҷиб Ака Фаҳим имзо карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки доштани марзи тӯлонии муштарак Тоҷикистон ва Афғонистонро беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун таҳрик медиҳад. Аз ҷумла, дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ду мамлакат беш аз ҳар вақти дигар ба кумаки ҳамдигар ниёз доранд. Зеро ин ду кишвар иқлими шабеҳ ба ҳамдигар доранд. Тоҷикистон метавонад дар омодасозии мутахассисон ва бозомӯзии кадрҳои идораҳои наҷоти Афғонистон ба ин кишвар кумак расонад.

25 декабри соли 2018 дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш» миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ дар моҳи сентябри соли 2016 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласа оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Миллии Ҷумҳурии Афғонистон оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ баргузор шуда буд.

Дар он нишаст сарвари ҳайати Афғонистон, ҷонишини вазири Вазорати миллии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Ҳайдарӣ  зимни суханронии худ ба муҳим ва зарурӣ будани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ таъкид намуда, аз ҷумла гуфта буд: “Мо ба бародарони тоҷики худ барои ин гуна ҳамкориҳо изҳори ташаккур мекунем, чун иқлими Афғонистон ба иқлими Тоҷикистон хеле шабеҳ аст, кишвари мо ва кишвари шумо бастаи офатҳои табиианд.  Мо дар масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ба кумак ва дастгирӣ низ дорем”,

барчасп: