Activities calendar

09 июли 2021

Давраи дигари омӯзишӣ барои ғаввосони наҷотбахш ба анҷом расид

7 июли соли 2021 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 16 наҷотбахш-ғаввосони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор шуд.

Ин давраи омӯзишии 16-рӯза дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо маблағгузории Дафтари

Наҷоти ду ҷавоне, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Варзоб расонда буданд

Рӯзи гузашта, 8-уми июл ду ҷавон, ки яке 26 ва дуюмӣ 20 сол доштанд,  ба қасди худкушӣ ба дарёи Варзоб, минтақаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”) омаданд. Яке аз ин ҷовонон сокини деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини шаҳри Душанбе буданд. Аз қасди худкушии онҳо ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе навбатдори ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майори милитсия М.Достизода хабар дод.