Activities calendar

23 июли 2021

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Маркази таълимӣ-методии Кумита баргузор шуд (ВИДЕО)

Имрӯз, 23-уми июл дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Кумита баргузор шуд. Ба суолҳои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ  ҷонишини Раиси Кумита, полковник Имомалӣ Иброҳимзода ва сарварони Раёсатҳои Кумита посух доданд.

Пайдо шудани боз ду ҷасади ғарқшудаҳо: яке 16 сол дошту дуюмӣ 20 сол

Як навраси 16-сола, ки аз зодгоҳаш деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросон  ба шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён меҳмонӣ рафта будааст, дар оби дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ин наврас рӯзи 22-уми июли соли равон меҳмонӣ рафтааст ва ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Ҷасади Ҳабиб Ёқубови 19-сола пайдо шуд. Ҷустуҷӯи як ҷасади дигар идома дорад

Дирӯз, баъди ҷустуҷӯҳои серӯза билохира ҷасади ҷавони 19-сола Ҳабиб Ёқубов, ки дар сели Киштӯдак ҳалок шуда буд, пайдо карда шуд. Ҷанозаи Ҳабиби ғӯрамаргро бегоҳии ҳамон рӯз хонданд ва  ба хок супурданд. Аммо то ба имрӯз ҷустуҷӯи ҷасади Нозима Исмоилова натиҷа надодааст.
Маврид ба ёдоварист, ки бар асари сели азими рӯзи 19-уми июли соли равон 10 нафар сокинони деҳаи Киштӯдаки Панҷекат, ки дар чарогоҳи тобистонӣ молчаронӣ мекарданд,

Шикори воксини "КовиВак". Ин чӣ воксин аст ва чаро камёфт?

ВВС дар як гузориши муфассал хабар дод, ки ҳафтаҳои охир дар Русия як шикори сартосарӣ барои ба даст овардани воксани зидди Covid-19 "КовиВак" дар ҷараён аст. Хоҳишмандони эмкунӣ ба ин воксин соатҳои дароз дар нуқтаҳои эмгузаронӣ навбат мепоянд, вале на ҳамеша барояшон муяссар мешавад, ки онро дарёфт кунанд. Ин чӣ воксин аст ва аз дигар воксинҳои то кунун маълум бо чӣ фарқ мекунад? Чаро талабот ба он афзудааст?