Кумакҳои башарии Ҷумҳурии Корея ба офатрасидагон
Чоп шуд: 07/07/2021 | adminБо мақсади расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар КҲФ маросими таҳвили кумакҳои башарӣ баргузор гардид. Ин ёриҳои башарӣ аз се намуд кӯрпа ва генераторҳо иборат буд.