Activities calendar

13 июли 2021

Шиносии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ бо вазъи саломатии гирифторони бемории COVID-19

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 имрӯз, 13 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода ба як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавирус бистарӣ шудаанд,

COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар ҷаҳон аз 4 миллиону 35 ҳазор нафар гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 186 миллиону 638 ҳазору 285 нафар эълон кард ва гуфта мешавад, ки шабонарӯзи гузашта боз 397 ҳазору 892 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. То кунун аз ин беморӣ 4 миллиону 035 ҳазору 037 нафар ҷон бохтанд. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба даҳгонаи давлатҳое¸ки шумори бештари гирифторон дар ҳафтаи охир доштанд,

Паёмадҳои заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рафъ мешаванд (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод ва Гурӯҳи корӣ дар деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли Боло,  Сумандара, Лангари Шоҳ, Мазори Боло, Мазори Поён ва Анвар Қаландари ин ноҳия дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ хонаҳои истиқоматӣ хароб шуданд ва мутаассифона, панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд.