Activities calendar

29 июли 2021

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар Бохтар

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  дар асоси Нақша – чорабиниҳои риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2021 санаи 28 июли соли 2021 якҷо бо хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар якҷояги бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон,

Канда шудани якпора аз баданаи як пиряхи бузург дар Лахш. Бе талафоти ҷониву вайрониҳо

Рӯзи 28-уми июли соли 2021 тахминан соати 13:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боло рафтани ҳарорати ҳаво аз кӯҳҳои Сугати ноҳияи Лахш яхпорае аз бадани як пиряхи азими ин минтақа канда шуд. Ин яхпора ҳамроҳ бо тӯдаҳои барф ҷараёни рӯдхонаи Тугатро баст. Обе, ки аз дарё ба соҳил боло шуд, 249-250 километр роҳи мошингарди Ваҳдат – Лахш – Қирғизистонро зери об кард ва қисман ҷараёни дарёи Сурхобро низ баст.