Ҷасади духтари 17-солаи ғарқшуда дар Вахш як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон тахминан соати 16:00 рӯзи 5-уми август баъди ҷустуҷӯҳои қариб якҳафтаина билохира ҷасади навраси ғарқшуда дар дарёи Вахш пайдо шуд.

Ин духтари 17-сола сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор буд, ки рӯзи 30-уми июл дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Вахш, дар мавзеъи Сари пули ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён ғарқ гардида буд.

Наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро ҳудудан 1 килеметр дуртар аз ҷойе, ки ғарқ шуда буд, пайдо ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.