Се амали наҷот дар як шабонарӯз. Имдодгарон дар хонаи дарбаста ҷасади як марди 45-соларо пайдо карданд

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар се ҳолати фавқулодаро бартараф карданд.

Чунончӣ, 2-уми сентябри соли 2021 соати 09:01 дақиқаи вақти  маҳаллӣ дар 345 километрии роҳи мошингарди Душанбе  - Кӯлоб-Дарвоз-Хорӯғ, дар наздикии деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз резиши санг ба қайд гирифта шуд. 

Бо талоши кормандони хадамоти роҳ паёмадҳои ин ҳодиса бартараф карда шуд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шудааст.

Ин ҳодиса талафоти ҷониву вайрониву харобии дигар надошт. 

2 сентябри соли 2021 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду маротиба бо даъвати сокинон барои боз кардани дарҳои баста ҳозир шуданд. Аввал дар кӯчаи Пушкин 30/1 дари хонаеро боз карданд ва соҳибаш вориди манзилаш шуд.

Бори дуюм навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт хабар дод, ки сокини 45-солаи кӯчаи Испечак-2, М-25 чанд рӯз аст, ки аз хонааш берун намешавад ва ба зангҳои телефонӣ ҳам посух намедиҳад. Дар ин манзил, ки дараш бастааст, ғайр аз ӯ каси дигар зиндагонӣ намекунад. 

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии дастгоҳҳои гидравликӣ дарои хонаро боз карданд.

Марди соли таваллудаш 1976 ба кадом иллате фавтида буд. Ҷасади ӯро барои муайня кардани сабабҳои маргаш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

барчасп: