Машғулияти фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2021 ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ дар толори Дастгоҳи марказии Кумита машварати омӯзишӣ гузаронида шуд. 

Ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки дар Паёми ироашуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуданд ва оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар вазифагузории мушаххасро ба миён гузоштанд.

Дар паёми мазкур аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мавриди диди назар ва таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки дар Паёми Сарвари давлат  роҳи ҳалли ҳама мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст. Муҳим он аст, ки моҳияти Паём дуруст шарҳу тафсир шавад, то дар мафкураи мардум ҷой гирад.

Дар шакли махсус қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватанпарастии насли имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарноке, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, сухан гуфта, саҳми ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи имрӯза муҳим арзёбӣ кардаанд.  

Дар фарҷоми мулоқот миёни ҳозирин дар атрофи Паёми Сарвари давлат табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: