Activities calendar

01 апрели 2022

Тамринҳо дар як хадамоти вилояти Хатлон

Рўзҳои  29 - 30 марти соли ҷорӣ намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хадамоти «Коркарди санитарии одамон ва безараргардонии сару либос»-и вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи  граждании хадамот ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулодда (паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ)»  гузарониданд.

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату...