Activities calendar

05 апрели 2022

Сарбозони хидматкарда ҷавоб мешаванд, наваскарон ба ҷойи онҳо меоянд

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар кисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозоне, ки  хизмати дусоларо ба анҷом расондаанд, маросимҳои гусел баргузор мекунанд.

Тамринҳои ғайринақшавӣ дар қаламрави пойтахт

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, киштзорҳои кишоварзӣ аз обхезии баҳорӣ, омадани сел ва ярч корҳои тоза кардани маҷрои рӯдхонаҳо, обанборҳо, каналҳо ва сойҳоро шуруъ кардаанд. Барои анҷоми ин корҳо техника ва аҳолии маҳалҳо ҷалб шудаанд.

Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввал дар раёсатҳои Кумита

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва се раёсатҳои вилоятӣ натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2022 дар ниҳодҳо ҷамъбаст гардид.

Дар ҳамаи ҷаласаҳои баргузоршуда як қатор тамоюлҳои асосӣ, ки дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, корҳои таблиғотӣ, иҷрои қарорҳои ҷаласаи мушовараи Кумита...