Activities calendar

08 апрели 2022

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳо бар асари баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик бинобар баланд шудани ҳарорат дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон хатари омадани сел  вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи

Дарс барои ошноии наваскарон ва шаҳодатномаи ҳарбӣ ба сарбозони рухсатшуда

Бо мақсади ошноии наваскарони даъвати баҳорӣ бо фаъолияти Кумита ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар яке аз қисмҳои низомии КҲФ, воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, омӯзгорони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дарси омӯзишӣ гузарониданд.

Дар ин дарс инчунин дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»...

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Шаҳринав

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи мудофиаи гражданӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Шаҳринав дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 1 оид ба мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва сарварони ҷамоатҳои деҳот ҳангоми ин тиқоли донишҷӯён ва омӯзгорон ҳангоми зилзила” тамрини намоишӣ гузаронида шуд.

Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Турсунзода

Тибқи Нақша - чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар давоми се рӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода, бо мақомот, қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва сарварони ҷамоатҳои деҳот ҳангоми сел ва рафъи оқибатҳои он ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ” баргузор шуд.