Дуюмин садамаи маргбори мошин дар қаламрави вилояти Суғд зарфи ду рӯзи охир. КҲФ ҳушдор медиҳад!

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар рафъи паёмадҳои як садамаи маргбор иштирок карданд. 

Аз ин ҳодиса соати 00:20 рӯзи 1-уми сентябр ба қисми навбатдории Раёсат хабар доданд. Дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд садамаи мошин рух дода буд. 

Мошини тамғаи  “Опел Астра GI”, ки аз ҷониби як сокини 43-солаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров идора мешуд, ба умқи тахминан 15-20 метр ба соҳили дарёи Сир сарозер шудааст.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо воситаи таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба ҷарӣ поин шуданд ва ҷасади ронандаро аз дохили мошин берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Сабаби ин садамаи маргбор маълум нест. Аммо мақомот гуфтаанд, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.  

Ин дуюмин ҳодисаи маргбор дар қаламрави вилояти Суғд зарфи ду рӯзи охир атс. Рӯзи 31-уми августи соли равон низ мошини сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мутааллиқ буд, дар мавзеи деҳаи Чоре назди пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шуда буд. Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат мекард. 

Дар садама 3 мусофири дохили мошин ба ҳалокат расидаанд. 

Бо дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо ронандаҳо ва мусофирони роҳгузар соҳиби мошин ва яке аз мусофирон, сокини 60-солаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро бо ҷароҳатҳои вазнин аз дохили мошин берун оварда, ба бемористон интиқол доданд. 

Ҷасади се мусофири ҳалокшударо имрӯз ҳам дар рӯди Фон меҷӯянд ва дар сурати пайдо шудани он маълумоти иловагӣ интишор хоҳад ёфт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки аксари садамаҳо дар роҳҳои кишвар ба гуноҳи ронандагоне рух медиҳад, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя намекунанд ва дар роҳҳои морпечи кӯҳӣ ҳам бо суръати баланд ҳаракат мекунад.

Кумита ба ронандагон муроҷиат менамояд, ки ҳангоми сафарҳои дур қоидаҳои бехатариву амниятро куллан риоя намоянд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.

барчасп: