Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар воҳидҳои сохтории КҲФ

Дирӯз дар ҳамаи воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаву нишастҳои тантанавӣ баргузор шуданд.

Дар ҳамаи ин чорабиниҳо роҳбарони бахшҳои минтақавӣ, сарварони қисмҳои ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ, собиқадорони КҲФ, ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

Чунончӣ, зимни суханронии худ дар ифтитоҳи ҷаласаи тантанавӣ сардори Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе полковник С.Шамсизода ширкаткунандагонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод кард. Дар нишаст сарвари Раёсат аз талошҳои варзишкорони ҷавони раёсат, ки дар бозиҳои варзишӣ иштирок ва дастовардҳои назаррас доштанд, сипосгузорӣ намуд. 

Дар ҷараёни ҷаласаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд сарвари ин раёсат полковник Б.Додиён кормандони фаъол ва собиқадоронро бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ намуд. 

Дар рафти ҷаласаи тантанавӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон полковник Ҷ.Маҳмадзода ба ҳайати шахсӣ саломатӣ, устувории рӯҳӣ ва комёбиҳо дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ таманно намуд. 

Ҳамин гуна ҷаласаи тантанавӣ дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ низ баргузор шуд. Дар ҷаласа аз талошҳои мондагори наҷотдиҳандагони раёсат дар рафъи паёмадҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир, ки боиси марги одамон ва харобии хонаҳои сокинон шуд ёдовар шуданд.

Зимни суханрониҳои худ афсарону прапоршикҳо ва сарбозони қаторӣ дар бораи садоқат ба савганди ҳарбӣ ҳарф заданд ва изҳор доштанд, ки хидмат дар КҲФ ин хидмат ба Ватану миллат аст. Онҳо аз он ифтихор доранд, ки ҳамеша барои рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда омодаанд ва бо ин васила мушкили садҳо сокинони бар асари офатҳои зарардидаро осон мекунанд.

барчасп: