Activities calendar

02 марти 2023

Мулоқоти сарвари КҲФ бо ҳайати Норвегия

Мулоқоти сарвари КҲФ бо ҳайати Норвегия

1 марти соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҳайати норвежии шӯрои кор бо паноҳандагонро бо сарварии роҳбари барномаи кумак ба паноҳандагони Афғонистони Норвегия хонум Анника Хэмпсон ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот сарвари Кумита меҳмононро бо

Огоҳии такрорӣ аз хатари лағзиши тармаву резиши санг ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳӣ!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон муддати чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз,  Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб хатари лағзиши тарма, резиши санг ва сел боқӣ мемонад.