Activities calendar

26 марти 2023

Садамаи мудҳиш дар шаҳри Кӯлоб. Ду мусофир ба ҳалокат расида ва ронанда сахт маҷрӯҳ шудааст

Садамаи мудҳиш

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи гузашта, 25-уми март соати 16:14 дақиқа вақти маҳаллӣ дар кӯчаи “1-уми Май”-и шаҳри Кӯлоб як садамаи мудҳиши мошин рух додааст.

Як мошини боркаши “Дулан”, ки аз ҷониби як сокини 39-солаи деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба самти шаҳри Кӯлоб ба дарахти канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст. Сабаби ин садама аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023

Олиҷанобон,
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид,
Иштирокчиёни муҳтарам,

Дар давоми се рӯзи охир  Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал