Activities calendar

03 марти 2023

Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои имдодгарони КҲФ таҷҳизоти наҷот тақдим кард

Агентии Оғохон

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули таҷҳизоти техникӣ барои гурӯҳи наҷот баргузор гардид.

Барои дастаҳои наҷот васоити зарурӣ ҷиҳати анҷоми корҳои садамавӣ – курсиҳои эвакуатсия, прожекторҳои диодӣ, таҷҳизоти ғаввосӣ, фонусҳо барои фаъолиятҳои зериобӣ ва расанҳои наҷот супурда шуданд.

Суҳбати судманд дар бораи коррупсия

Суҳбати судманд дар бораи коррупсия

3 марти соли 2023 бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025)» ва тибқи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар байни кадрҳо дар Раёсати таъминоти моддию техникӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт, Раёсати сохтмон, истифодабарии биною иншоот ва Раёсати кӯли Сарез бо нозири калони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник