Activities calendar

29 марти 2023

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар ҳушдор медиҳад!

 лағжиши тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи 31-уми марти соли равон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ (роҳҳои мошингарди “Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор), вилояти Суғд ва ғарби роҳи мошингарди ВМКБ (Душанбе-Дарвоз”, Дарвоз-Ванҷ,

Ҳалокати ду сокини шаҳри Исфара дар гази карбон дар кони “Ангишти Шӯроб”

Ҳалокати ду сокини шаҳри Исфара

27 марти соли равон  дар кони ”Ангишти Шӯроб”, воқеъ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд  аз ихроҷи гази карбон ду нафар кӯҳканҳои ин кон ҷони худро аз даст додаанд. Яке аз онҳо 45 ва дуюмӣ 57 сол дошт.

Ба ҷойи ҳодиса фавран як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи
наҷотдиҳӣ – кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.

Онҳо ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.