Activities calendar

14 марти 2023

Ҳушдор аз хатари лағзиши тармаву резиши санг то 16-уми март

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  бар асари гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои охир ва боришот дар рӯзҳои баъдӣ то 16-уми марти соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Наҷоти як марди 42-солаи сокини Кӯлоб, ки дар рӯди “Душанбе” дар ҳоли мастӣ моҳидорӣ мекард

12 марти соли 2023 соати 17:03 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар як ҷазиранамои рӯди “Душанбе”, ки аз қаламрави маҷмааи “Шарқи озод” мегузарад, шахсе намудор аст. Маълум набуд, ки ӯ кист ва дар он ҷазираи хурдакак чӣ гуна афтода.