Activities calendar

09 марти 2023

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатарҳо то рӯзи 10-уми март ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 10-уми марти соли 2023  дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма, оаммадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

КҲФ: Заминларза ва резиши санг дар кишвар. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест

Бино ба хабари Институти геология, биноҳои ба заминларза тобовар ва сейсмологияи АМИТ  9-уми марти соли равон соати 06:37 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 366 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 90 километр ғарби ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.