Activities calendar

10 июни 2023

Аз хабарҳои рӯзи гузашта: сел дар Ишкошим, заминларза дар Рашт ва марги ду нафар дар обҳо

заминларза дар Рашт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар омадани сел, заминларза ва ҳодисаи нохӯшу фоҷиавӣ дар обҳо ба қайд гирифт ашуд.

Чунончӣ, 9 июни соли 2023 соати 20:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи боло рафтани дамои ҳаво дар ҳудуди деҳаи Вогзи ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим об шудани барф дар қуллаҳои кӯҳ ба мушоҳида расид.

Имдодгарони КҲФ як писари 16-соларо, ки ғарқ мешуд, наҷот доданд

писари 16-сола

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз як ҳодисаи нохӯш, ки қариб буд ҷони як навраси 16-сола аз даст равад, пешгирӣ карданд.

Ин ҳодиса дар кӯли “Чорбоғ”, дар қаламрави пойтахти кишвар рух дод. Як писари 16-сола сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи