Аз хабарҳои рӯзи гузашта: сел дар Ишкошим, заминларза дар Рашт ва марги ду нафар дар обҳо

заминларза дар Рашт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар омадани сел, заминларза ва ҳодисаи нохӯшу фоҷиавӣ дар обҳо ба қайд гирифт ашуд.

Чунончӣ, 9 июни соли 2023 соати 20:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи боло рафтани дамои ҳаво дар ҳудуди деҳаи Вогзи ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим об шудани барф дар қуллаҳои кӯҳ ба мушоҳида расид. Дар натиҷа дар километри 55-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим  сел омад ва роҳро баст.

Бо истифода аз техникаи махсуси хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон соати 02:10 дақиқаи 10-уми июн роҳ аз селоврадаҳо пок шуд ва ҳаракати мошинҳо барқарор гардид. Ин сел талафоти ҷониву хисорати дигар надошт.

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 9 июни соли 2023 соати 15:04 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 173 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 километр шарқи ноҳияи Рашт буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 3-4 баллро ташкил дод. Дар Душанбе ин такон эҳсос нашуд. Талафоти ҷонӣ ва харобӣ нест.

Мутаассифона, шабонарӯзи гузашта ду ҳодисаи марг дар махзанҳои об ба қайд гирифта шуд.

Аз ҷумла 9 июни соли равон тахминан соати 1:20 дақиқа як сокини 31-солаи деҳаи Тутойи ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод бо сабабҳои номаълум дар оби дарёи Сурхоб, ки аз ҳудуди деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ мегузарад, ғарқ гардид.  

Пас аз дарёфти хабар наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд. Баъди ҷустуҷӯи зиёд билохира ҷасади марди ғарқшуда пайдо ва ба хешомандонаш супурда шуд.

Ҳодисаи дуюм дар шимоли кишвар рух дод. 9 июни соли 2023 тахминан соати 15:30 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Оламтоби ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи сунъии деҳа ғарқ гардид в аба ҳалокат расид. 

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади писарки ғарқшударо аз қаъри ҳавз пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Чун ҳамеша Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падарону модарон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Оббозӣ дар ҳар ҷойе набошад, дар вақти шаб, ҳангоме ки пардаи торикӣ ҳама ҷоро мепӯшад, мумкин нест.

барчасп: