Кумакҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ба зарардидагони зилзила дар Рашту Тоҷикобод

Бо мақсади расонидани кумак ба осебдидагони зилзила ва дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали офати табиӣ мунтазам кумак дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ расонида мешавад.

 Чунончӣ,  барои 156 оила ноҳияи Тоҷикобод ва 260 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ИМА дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки озуқаворӣ ва ғайриозуқавӣ дар шакли орд, равғани рустанӣ, нахуд, бастаҳои беҳдоштӣ, маводи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ, зарфҳо барои ошхона, лавозимоти рахти хоб ва ғайра расониданд.

Кӯмакҳо тавассути техникаи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба макони аз заминларза зарардида расонда шуда, дар ҳузури комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳиявӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуд.

 

барчасп: