Айнӣ: Резиши санг роҳ ба самти Панҷакентро баст

25-уми апрели соли 2025 соати 22:00 дақиқаи шаб дар километри 38-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷикент, ки аз қаламрави деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, резиши сангу рег ба қайд гирифта шуд.

Бар асари ин ҳодиса роҳ барои ҳаракати мошинҳо ба ду самт номумкин шуд. 

Тибқи охирин хабаре, ки дастрас шуд, дар айни замон роҳ қисман боз шудааст, вале мушкил комилан рафъ нашудааст.

Корҳои бартарафсозии пайомади ин офат идома дорад.  

Бар асари ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

 

барчасп: