Activities calendar

22 октября 2025

Дар таркиши баллони гази моеъ 2 нафар маҷруҳ шуданд

Бар асари инфиҷори як баллони гази моеъ дар шаҳри Душанбе ду нафар маҷруҳ шуданд

Ин ҳодиса 21 – уми октябри  соли 2025, соати 12:45 дақиқа дар кӯчаи Чортут-у, хонаи 55 рух дод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба тафтиши қазия машғуланд, мегӯянд шаҳрванд Боев Бахтиёр, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Пахтакор хонаи №38 баллони гази 45-литраи пуркардашударо ба ҳавлии Фирӯза Камоловаи 71-сола, воқеъ дар кӯчаи Чортут-1, хонаи 55 гузоштааст.

Инфиҷори ногаҳонии баллони газ ду нафарро маҷруҳ кардааст, ки яке 23 ва дуюмӣ 24 сол доданд.

Заминларза дар ҷумҳурӣ

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 21 октябри соли 2025, соати 23:14 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

    Маркази заминларза 283 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 101 километр шарқ аз шаҳри Хоруғи ВМКБ, 56 километр ҷанубу-шарқӣ аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-балл дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ,