Activities calendar

13 октября 2025

КҲФ: Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ

13 октябри соли 2025 дар Маркази омӯзишӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати рлҳбарии Кумита, намояндагони ташкилотҳои шарикони рушд, инчунин донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар ширкат варзиданд.

КҲФ: ВМКБ 13 октябр - Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ таҷлил гардид

13 октябри соли 2025, бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ, бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин рӯз кормандони Раёсату шуъбаҳои КҲФ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаҳои омӯзишӣ, мулоқотҳо, намоишҳои таҷҳизоти наҷотдиҳӣ,