КҲФ: Мулоқоти роҳбарони ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид
Чоп шуд: 15/10/2025 | redaktor
15 октябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ботир Қудратходжаев мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ намуда, нақшаи нави ҳамкориҳоро барои солҳои 2026-2027 имзо карданд.