КҲФ: Мулоқоти намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо намояндагони Сафорати Канада

5 феврали соли 2026 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории намояндагони Кумита бо намояндагони Сафорати Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Ҷумҳурии Қазоқистон) баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби Сафорати Канада консул ва мушовир оид ба масъалаҳои маъмурӣ ҷаноби Николя Эмон ва корманди бахши консулӣ хонум Газиза Амандик иштирок намуданд. Аз ҷониби Кумита дар чорабинӣ муовини Раиси Кумита Иброҳимзода И., сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Саидиён Н., муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Шерзода Ҷ. ва муовини Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ Абдураҳимов И. ҳузур доштанд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Канада дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо табодули афкор намуданд. Дар фарҷоми мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва таҳкими робитаҳои мутақобилан муфид таъкид гардид.

барчасп: