Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд

Таърихи таъсисёбии Раёсати ҳифзиаҳолӣ ва ҳудуди Кумита дар тўли солҳои 1994-2014

Баробари таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замимаи Ситоди мудофиаи гражданӣ дар таърихи 1994 саҳифаи нави соҳа кушода шуд.
Пас аз пошхурии системаи ягонаи мудофиаи гражданӣ- Иттиҳоди Шуравӣ фазои ягонаи стратегии ҳифзи шаҳрвандӣ барҳам хурда, сохторҳои нав ва мустақили давлатҳои ИДМ ба вуҷуд омаданд.
Вазъияти мураккаби сиёсӣ ва зиёд гардидани ба амалоии офатҳои табиӣ дар назди Кумита вазифаҳои навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолтҳои фавқулоддаро ба миён овардаанд.
Дар ингуна шароитҳо таъсиси як сохтори корбасти асосии Кумита зарур омад, ки ҳамоҳангсози чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ буда, ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқу­лодда қудрати иҷрои онро дошта бошад.
Бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 17 августи соли 1994 рақами 400 Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар ин хусус, тибқи қарори мазкур дар сохтори Дастгоҳи Марказии Куми­та дар замимаи шуъбаи махсуси муҳофизатӣ, шуъбаи эвакуатсия ва нақлиёт, шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ ва шуъбаи ҳифзи тиббию биологӣ - Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита ташкил гардид.
Соли 1994 Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз шуъбаҳои зерин иборат буд:
Шуъбаи муҳандисӣ-техникӣ, шуъбаи ҳифзи тиббӣ-биологӣ, шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ, шуъбаи эвакуатсия ва нақлиёт, шуъбаи зудамал, ки баъдан дар заминаи он хадамоти наҷотдиҳии кўҳӣ (маркази наҷотдиҳӣ) ташкил карда шуд.
Дар заминаи шуъбаи чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ – шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, шуъбаи мониторинг ва барҳамдиҳи ҳолатҳои фавқулодда ва шуъбаи сохтмон ташкил ёфтанд.
Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд бо максади такмил додани сохтор баъдан ба Раёсати чорабиниҳо оид огоҳонидан аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар ҳайати Вазорати ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 27 ноябрисоли 1999 № 479 тасдиқ ёфт, табдил дода шуд.
Дар ин давра, бо назардошти талаботи замона, такмили раёсат амалӣ гардид, ки тибқи вазифаҳои дар пеш истода, шуъбаҳои нав таъсис дода шуданд. Аз он ҷумла, шуъбаи зудамал барқарор карда шуд, ки хадамоти наҷотдиҳии куҳиро ҳамоҳанг месохт, шуъбаи таҳлилию ана- литикӣ вазъияти баамал омадаро таҳлил ва ҷамъоварии маълумотҳоро оид ба ҳолатҳои фавқулодда амалӣ месохт, шуъбаи мониторинг ва пеш- гуии ҳолатҳои фавқулодда, ки гузаронидани чорабиниҳои пешгирии офатҳои табиӣ ва мушоҳида аз равандҳои хавфноки табииро ба уҳда дошт. Дар заминаи ин се шуъба дар соли 2005 маркази иттилоотию таҳлилии Кумита таъсис дода шуд.
Дар ин давра дар сартосари Ҷумҳурӣ як қатор ташкилотҳои байналхалқии башардустона фаъолият менамуданд, ки ба аҳолии бар асари офатҳои табиӣ зарар дида кумак мерасониданд.
Бо ташаббуси мутахассисони Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ба рои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои байналхалқии башардустона, ки дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда лоиҳаҳои гуногунро татбиқ менамоянд, таҳти роҳбарии Кумита гуруҳи REACT – гуруҳи ҳамоҳангсози баҳодиҳӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис додашуд.
Айни замон, Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд яке аз сохторҳои пешбарандаи соҳавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамоҳангии фаъолияти комили ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва сарватҳои миллии мамлакатро аз хавфу хатар, ки дар ҳолатҳои фавқулодда руй медиҳанд, анҷом медиҳад.

Вазифаи аслӣ ва асосии раёсат, ин:

  • - ҳифзи аҳолӣ ва сарватҳои миллии мамлакат дар давраи ҷанг ва замони осоишта аз маводҳои зарбавии ҳозиразамон ва дар ҳолатҳои фавқулод­да;
  • - тайёр кардани пешниҳодот ба роҳбарият бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартарафсозии садамаю фоҷиа ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои он;
  • - гузаронидани сиёсати давлатӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
  • - таҳия ва ба амал татбиқ намудани барномаи мақсадноки илмию техникӣ ҷиҳати пешгирию бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди мамлакат ва баланд бардоштани фаъолияти устувори иншоотҳои хоҷагии халқ ҳангоми руй додани ҳолатҳоии фавқулодда;
  • - назорат оид ба гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати пешгирию кам кардани эҳтимолияти руй додани ҳолатҳои фавқулодда ва ҳаҷми хисороти бар асари онҳо расида;
  • - ташкили ҳамкориҳои байналхалқӣ оид ба масоиле, ки ба салоҳияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад;
  • - ташкили шабакаҳои назоратӣ ва озмоишгоҳ оид ба ҳолати муҳит ва иншоотҳои хавфнок мебошад.

Ба ҳайати Раёсат шуъбаҳои чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, чорабиниҳои муҳандисӣ - техникӣ, ҳифзи радиасионӣ ва кимиёвӣ, эвакуатсия ва нақлиёт, ҳифзи тиббӣ ва биологӣ дохил мешавад.

Аз соли 1994 инҷониб вазифаи  сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудро инҳо адо намуданд: полковник Поляницин В. Г., полковник Усмонов И.Ҷ., подполковник Маҳмадалиев Б.Н., генерал-майор Усмонов И. Ҷ., айни ҳол ин вазифа бар души полковник Камолов Ҷ.Ҷ., мебошад.

Тули 15 соли мавҷудияти Кумита дар Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд даҳҳо афсарони бо лаёқтманд ва мутахассисони соҳаи гуногун хизмати софдилонаро иҷро намуданд.

Аз ҷумла, ба ҳайси муовинони сардори Раёсат - Усмонов Ислом Ҷумъаевич (1995 - 1996), Маҳмадалиев Баҳром Набиевич (1996 - 1997), Азизбеков Шогунбек (1997 - 1999), Толибов Маҳ мудхон Сафарбекович (1999 - 2007), Усмонов Музаффаршоҳ (2007 - 2008), Диловаров Музаффаршо (2008 - 2009), Зайнуддинов Шомаҳмад Зиёвиддинович (2009) ва полковник Мансуршоева Лутфия Саиданваровна (2009-2012). Аз соли 2013 то инҷониб вази фаи муовини сардори Раёсатро полковник Зайнуддинов Шомаҳмад Зиёвиддинович ба уҳда дорад.

Мавриди зикр мебошад, ки мутахассисоне, ки дар Раёсат фаъоли­яти хизматиашонро оғоз намуда, дар он тарбия ёфтаанд, солҳои гуногун  афсарони пуртаҷриба гардида, вазифаҳои баланди Кумитаро ишғол намудаанд. Аз ҷумла, сардори Маркази наҷотдиҳӣ полковник Пилкевич Олег Влади­мирович солҳои 1994-1996 дар вазифаи сардори шуъбаи зудамал, сардори Маркази иттилоотию аналитикӣ полковник Шомаҳмадов Алишо Мардонович (номзади илмҳои физика ва математика)  солҳои 1998-2005 дар вазифаи сардори шуъбаи мониторинг ва пешгуии ҳолатҳои фавқулодда, сардори Раёсати омузиши аҳолӣ подполковник Иброҳимов Муҳаббат Мирзовалиевич (номзади илмҳои ҳарбӣ) дар вазифаи афсари калони шуъбаи ҳифзи тиббию биологӣ, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи А.Ҷомӣ полков­ник Мақсудов Маликсултон солҳои 1999-2002 дар вазифаи афсари кало­ни шуъбаи чорабиниҳои муҳандисию техникӣ адои хизмат намудаанд.

Аз соли 1994 то инҷониб дар вазифаҳои гуногуни Раёсат як қатор афсарон ва мутахассисони пуртаҷри­ба софдилона кору фаъолият наму­даанд, ки хизмати пурсамари онҳо вобаста ба гузаронидани чорабини- ҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, ташкили корҳо ҷиҳати наҷотдиҳии аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, маҳдудсозӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ба мавзеъҳои зарардида, ташкил намудани заминаи меъёрии хуқуқии фаъолияти соҳа шоёни диққат ва сипосгузории бепоён мебошад.

Хусусан, қайд намудан лозим аст, ки полковник Бобоев Акмалҷон Тешаевич солҳои 1994­-1996 дар вазифаи сардори шуъ­баи чорабиниҳои муҳандисию техникӣ адои хизмат намуда, баъдан ба вазифаи Раиси Кумита таъин гардиданд. Генерал-майор Усмонов Ислом Ҷумъаевич аз соли 1995 фаъолияти худро аз вазифаи муовини сардори Раёсат оғоз намуда, то ба вазифаи муови­ни вазир расидаанд.

Инчунин, дар ин давра полковник Азизбеков Шогунбек солҳои 1997-2007 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, полковник Диловаров Музаффаршо солҳои 1997-2003 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи тиббию биологӣ, подпол­ковник Қурбонов Абдунабӣ солҳои 1997-2005 дар вазифаи сардо­ри шуъбаҳои чорабиниҳои муҳандисию техникӣ ва чорабиниҳои эвакуатсионӣ, Фахритдинов Рашид Николаевич солҳои 1995-1999 дар вазифаи сардори шуъ­баи чорабиниҳои эвакуатсионӣ ва техника, подпол­ковник Ҷаббборов Мирзо солҳои 1999-2002 дар вазифаи сардори шуъбаи чорабиниҳои муҳандисию техникӣ, подпол­ковник Сайфиддинов Миралӣ солҳои 2001-2006 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи тиббию биологӣ, капитан Шумакова Тамара солҳои 1999-2004 дар вазифаи сар­дори шуъбаи кор бо ташкилотҳои байналхалқии башардустона, подполковник Нуров Султон солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ, полковник Музаффаров Мирзо солҳои 2009-2012 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи тиббию биологӣ адои хизмат намуданд ва саҳми арзандаеро дар рушди соҳа ва фаъолияти Кумита гузоштаанд.