Кумак ба зарардидагони шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон

Ба зарардидагони ноҳияву шаҳрҳои вилоятҳои Суғду Хатлон кумакҳо сарозер шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баъди  омӯзиши вазъ якҷо бо шариконаш аз паймони РЕАКТ ба офатзадагон ёриҳои башарӣ расонд ва тақсим кард. Рафти барқарорсозии харобиҳои офоти табиӣ зери назарат гирифта шудааст.

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳо-шарикон аз РЕАКТ – Хазинаи бачаҳои СММ дар ҶТ, Барномаи Рушди СММ, Дафтари кории Швейтсария оид рушд ва ҳамкорӣ, САҲА, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба аҳолии аз селу обхезиҳо зарадидаи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон кумак расонд. 

Ин кумакҳо аслан аз маводи ғизоӣ, ашёи ниёзи аввал, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳо барои нигаҳдории об, курпаҳо, ҳабҳои поккунандаи оби нӯшокӣ ба хотири эҳтиёт аз сирояти бемориҳо, ҳамчунин маводи сӯхту равғанҳои молиданӣ барои роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ иборат буданд.  

Бо техникаи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кумакҳо ба шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд, ноҳияҳои Хуросон, Фархор, Восеъ, Панҷи вилояти Хатлон ирсол ва бо ширкати комиссияҳои шаҳриву ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ба ниёзмандону зарардидагон тақсим карда шуд.

Ҷараёни корҳои барқарорсозии харобиҳои офати табиӣ зери назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қарор дорад. 

барчасп: