Оббозии бехатар дар обанбори «Баҳри тоҷик»

Фарорасии тобистону мавсими гармову шиноварӣ аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон балат мекунад, ки бештар миёни мардум бошанд ва тадбирҳои бехатариро таблиғ кунанд. Ҳамин гуна як мулоқот дар шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо маорифи шаҳр бо кормандон ва донишҷўёни Коллеҷи тиббӣ баргузор гардид.

Сардори бахши Рёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов дар назди  ҳозирин изҳор дошт, ки бинобар сабаби гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рўз аз рўз зиёд мегардад. Албатта, обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон ва баланд гардидани фаъолияти рўҳию ҷисмонии он фоидаовар мебошад, вале бояд фаромўш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз сабабҳои фалокатовар низ дорад.  

Ҳодисаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро дар ғаму андўҳӣ якумра гузоштаанд.  Мутаассифона, аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби бемасъулиятии падару модар, омўзгорон, риоя накардани қоидаҳои бехатарии оббозӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи банди 6-и моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оид ба ўҳдадории падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд омадааст: Гаштугузори фарзанди то сини 6 сола бе ҳамроҳии шахси аз 14-сола боло дар кўча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ аст. Аз соли гузашта то ба имрўз дар миқёси шаҳр аз сабабҳои риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ ва оббозӣ дар мавзеъҳои хатарноки обанбори “Баҳри тоҷик” 4 нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд. Ин танҳо он нафароне мебошанд, ки дар ҳудуди шаҳри Гулистон ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд, чунин ҳолатҳо гувоҳи он аст, ки назорат аз тарафи падару модарон ва омўзгорон суст ба роҳ монда шудааст.

Вай ҳамчунин гуфт, ин ҳодисаҳои ғамангез моро водор месозад, ки бояд баҳри пешгирии ҳолатҳои ногувори ғарқшавӣ, кам кардани ҳолатҳои саркашиву қонуншикании баъзеи волидон ва шахсоне, ки парастории кўдакони ноболиғро дар ўхда доранду талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти мадару модар дар таълиму тарбияи фарзандон риоя намекунанд, пурзўр намудани назорат аз болои кўдакони ноболиғ, корҳои тарғиботиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, дар пешгирии ҳодисаҳои нохуш ҳиссагузор бошем.

       Дар фарҷоми суханрони худ Ҳикматулло Амонов аз донишҷуён ва омўзгорон хоҳиш намуд, ки ҳангоми оббозӣ дар шиногоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик» ва ҳавзҳои оббозии шаҳр талаботҳои бехатариро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок, хусусан дар наздикии обтақсимкунакҳои каналҳо ва дигар ҷойҳои хатарнок вориди об нагарданд.

Сипас, намояндаи беморхонаи марказии шаҳр ва кормандони наҷоти Раёсат ба хонандагон қоидаҳои оббозӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ, ҳамчунин наҷоти ғарқшавандагон ва аввалин кумакҳои тиббӣ ба онҳоро омӯзониданд. 

 

Шаҳзода Бутаева, Сардори бахши кор

бо ҷомеаи Раёсати вилоят,

лейтенант

барчасп: