Масъалаҳои Низоми огоҳсозии қаблӣ аз ҷониби гурӯҳи коршиносон дар Кумита муҳокима шуд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи коршиносони байниидоравӣ оид ба васеъ намудани огоҳсозии қаблӣ баргузор гашт. Ҷаласа таҳти раёсати сардори Сарраёсати Кумита полковник Камолов Ҷамшед гузашт. 

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои васеъ намудани Низоми огоҳсозии қаблӣ ва рақами кӯтоҳи «112», ирсол намудани СМС-паёмакҳо бо огоҳсозии аҳолӣ ва таҳияи барномаи мобилӣ барои истифодабарандагони смартфонҳо ва планшетҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз,  Кумитаи ҳифзи муҳити зист,  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСП «Вавилон-М», ҶСП «Индиго-Тоҷикистон», ҶСП «ТТ Мобайл» Мегафон ва ҶДММ «Таком», ҳамчунин намоянди Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Аъзоёни гурӯҳи корӣ пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Кумита оид ба васеъ намудани Низоми огоҳсозии қаблӣ - рақами кӯтоҳи 112, инчунин таҳияи Барномаи мобилӣ барои истифодабарандагони смартфонҳо ва планшетҳо ҷонибдорӣ намуданд.

барчасп: