Санҷиши риояи қоидаҳои шиноварӣ дар соҳилҳои кӯлу дарёву ҳавзҳои оббозӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рейдҳои пешгирикунанда дар соҳили кӯлу ҳавзҳои оббозӣ гузарониданд. Ҳадафи роҳандозии ин чорабинӣ санҷиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар махзанҳои оби шаҳри Душанбе буд. Дар ҷараёни рейдҳо ҳамчунин сатҳи омодагии воҳидҳои наҷот дар соҳилҳо низ санҷида шуданд.

Дар ин чорабиниҳо кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиновариро фаҳмониданд, ҳамчунин дар бораи расонидани кумакҳои аввал ба шахсони наҷотёфта нақл карданд. Дар омӯзишҳо ба ширкаткунандагон амалан нишон доданд, ки агар каси ғарқшударо наҷот диҳанд, бояд аввал чӣ кунанд ва ёриҳои аввалия чӣ гуна бояд бошанд. 

Кормандони Раёсати КҲФ аз шаҳрвандон хостанд танҳо дар минтақаҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст ва дар манотиқе, ки иҷозаи шиноварӣ дода нашудааст, нараванд. Муҳимтар аз ҳама кӯдакони худро беназорат нагузоранд.

Вақтҳои охир ба асари бепарвоии волидон ва калонсолон наврасону кӯдакон бештар дар об ғарқ шудаву ҷони худро аз даст додаанд. Бепарвоии падарону модарон боиси нигаронист, зеро риоя нашудани ин қоидаҳои одии бехатарӣ сабабгори ҳодисаҳои нохӯш мешавад.

Яке аз сабабҳои аслии ҳалокати одамон шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ мебошад ва ё баъзеҳо дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб вориди об мешаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо  эҳтиром хоҳиш мекунад қоидаҳои бехтариро ҳангоми шиноварӣ ҷиддан риоя намоянд:

  • бояд дар ҷойҳое оббозӣ кард, ки иҷозат дода шудааст;
  • дар минтақаҳои тезҷараён набояд ба шиноварӣ машғул шуд;
  • агар шумо нӯшидаед, пас ҳаргиз вориди об нашавед ва агар ворид ҳам шудед, аз соҳил дур наравед;
  • наврасон ва атфол бояд танҳо зери назорати волидон ва афроди калонсол дар соҳили обҳои ҳузур дошта бошанд.

 Агар шумо шоҳид ва ё ширкаткунандаи фоҷеае, ҳодисаи нохӯше шудед ва ё дар ҳолати ногувор мондед, пас ҳатман бо телефонҳои хадамоти фаврӣ:

«112»

ва ё

93 880 28 19

                       муроҷиат намоед.

барчасп: