Кушодашавии мини-студия дар КҲФ ва харидорӣ намудани таҷҳизот барои тайёр кардани воситаҳои ҳимоя оид ба гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи хайриявии Давлати Қатар, имрӯз дар КҲФ маросими кушодашавии мини-студия ва супоридани таҷҳизот барои тайёр кардани воситаҳои ҳимоя оид ба бурдани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ мушовири Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Амин иштирок намуданд.

Раиси КҲФ генерал-лейтенант Назарзода Р. барои дастгириҳо аз ҷониби Қатар  миннатдорӣ баён карда, барои ҳамкориҳои минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.

Дар навбати худ, доктор Амин мақсадҳои Давлати Қатарро тасдиқ намуда, таъкид намуданд, ки минбаъд ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирии офатҳои табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он дастгирӣ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки мини-студияи КҲФ барои ташкили барномаҳои телевизионӣ, ҳамчунин сабт кардани барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ созмон дода шудааст. Мини-студия бо таҷҳизоти муосир, суфлёр барои баррандагон, лампаҳои равшанидиҳанда ва декоратсия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин, студияи мазкур аз садоҳои беруна пурра ҳимоя карда шудааст.  

Дар доираи амалисозии лоиҳа ҳамчунин мошин ва таҷҳизот барои бофтани симтури габионӣ ва тайёр кардани кубикҳои бетонии соҳилмустаҳкамкунӣ харидорӣ гардидааст.

барчасп: