Кормандони воҳиди вокуниши сареъ “забонаи оташ дар вагони сӯхта”-ро хомӯш карданд

Тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ оид ба амали мақомоти идорӣ, қувваҳо ва воситаҳои зерсистемаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, ҳодисаҳое, ки ба садама дар роҳҳои оҳан иртибот доранд, ахиран дар бахши вилоятии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.

Бахши амалии омӯзиши ситодиву фармондеҳӣ таҳти ин маънӣ роҳандозӣ шуд: бар асари аз релс берун шудани систернаи пур аз гази моеъ ҳолати дохилии систерна вайрон шуд, газ аз он берун рехт ва оташ гирифт, ҳамзамон бо ин вагони мусофирон низ аз ин оташ осеб дид. 

Ба чораҳои омӯзишиву наҷот кормандони воҳиди наҷоти вокуниши сареъи шаҳри Кӯлоб ҷалб карда шуданд. 

Дар натиҷаи амали саривақтиву касбияти баланд ҳолати баамаломада сари вақт бартараф карда шуд.

Масъалаҳои дар назди омӯзиш гузошташуда пурра тамрин шуданд. Ширкаткунандагон малакаву таҷрибаҳои иловагиро соҳиб гаштанд, ки оянда дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳое назири ин барояшон осон хоҳад шуд.

барчасп: