Воситаҳои нави техникии Раёсати вилоят

Сол ба сол дар пайи дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  заминаи техникии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мукаммалтар мешавад.

Соли ҷорӣ бо иқдоми навбатии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсат 3 адад автомошина, 2 адад мотосикл, 1 адад заврақи резинӣ, 1 адад қаиқи тезгарди муҳаррикдор, инчунин маҷмӯи таҷҳизоти наҷот ва дигар дастгоҳу воситаҳои рӯшноидиҳанда, ки барои фаъолияти Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ дар вақти шабона заруранд дастрас шуданд.

Дар ин росто, ба хотири боло бурдани сатҳи идораи ҳолатҳои фавқулода 1 адад радиостансия бо мавҷи КВ , 1 адад телефони моҳворавӣ, дастгоҳи худпарвози сабткунанда (дрон) ворид карда шуд.

Барои сабт ва танзими фаъолияти Раёсат 1 маҷмӯъ компютер, 1 адад дастгоҳи наворгирӣ, 1 адад дастгоҳи аксбардорӣ низ таҳвил гардид.

Дар баробари ин барои фаъолияти мукаммали Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии водии Зарафшон 1 адад автомошинаи махсуси ВИПЕР ва лавозимоту таҷҳизотҳои наҷот ва ба бахшу шӯъбаҳои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Масчо автомошинаи хизматӣ супурда шуд.

 Ин таҷҳизоту лавозимот дар роҳандозии корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва коҳиши хатари офатҳо мусоидат хоҳанд кард.

Шаҳзодахон Бутаева, сардори
бахши кор бо
ҷомеаи Раёсати
вилоят
лейтенант​