Ҳавои рӯзи ҷумъа, 29-уми ноябр бебориш, вале сард хоҳад буд

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар кишвар ҳаво бебориш, вале сард хоҳад буд. Бахусус дар ВМКБ ҳаво беш аз рӯзҳои дигар шабонаву рӯзона сардтар мешавад. Дар гузориш дар аксар манотиқи кишвар омадани туман ҳам пешгӯӣ шудааст, вале дар маҷмуъ ҳаво бебориш хоҳад буд. 

Дар шаҳри Душанбе туман ва ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад.  Дамои ҳаво низ шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм хоҳад шуд.  

Дар навоҳии тобеъи марказ  - ҳаво бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук  ва рӯзон 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд низ туман дар назар дошта шудааст, вале ҳаво бебориш аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 0+2 дараҷа ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳе туман дорад. Вазиши бод аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд, дар баъзе ноҳияҳо бод бошиддаттар 10-15 м/с мевазад Дар водиҳои ин вилоят шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ  ҳаво бебориш хоҳад буд.  Шамол аз самти шарқ суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8-10 дараҷа хунук ва рӯзона 2+4° гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 19-21°, рӯзона 4-6 дараҷа хунук мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ низ бориш намешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона  8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад, дар  шарқи вилоят шабона аз 17 то 22 дараҷа хунук, дар баъзе навоҳӣ аз 26 то 28 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3-8, дар баъзе навоҳӣ 7-12 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Бохтар бориш намешавад.  Шамол аз  самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад

Дар ш. Кӯлоб низ бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1+ 3 гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво бебориш аст, дар баъзе ноҳияҳо туман меояд. Шамол аз самти шарқ суръати 4-9м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона аз 0+5 дараҷа, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

барчасп: