Тақвими рӯз: 9-уми январ дар олам

9 – уми январи соли 2003. Дар Перу ҳавопаймои F-28 бо 46 хадама ва мусофиронаш сарнагун шуд. дар ин садамаи маргбор касе зинда намон. Ҳавопаймо аз шаҳри Чиклайо ба Чачапояс парвоз мекард.

9 – уми январи соли 2009. Чархболи Ми-171 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Газпромавиа», ки аз Бийск ба Кош-Агач парвоз мекард бо се сарнишин ва ҳашт мусофираш сарнагун шуд. 4 нафар зинда монданд ва 7 нафари дигар дар ҷойи ҳодиса ва аз ҷароҳат дар бемористон ҳалок шуданд. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот то 11-уми январ идом а кард ва дар он 283 нафар ва 13 техника ҷалб гардид.

9 – уми январи соли 2011. Ҳавопаймои мусофирбар Boeing-727 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Iran Air, ки бо 106 мусофир парвоз карда буд, дар наздикии шаҳри Урмия, 700 км дуртар аз Теҳрон сарнагун шуд. 77 нафар кушта шуданд, 27 тани дигар захмӣ гаштанд. Як мусофир бенишон ғайб зад.

9 – уми январи соли 2018. Дар Калифорния тарма 13 нафарро кушт.  Сардори пулиси минтақаи Санта-Барбара Билл Браун ба хабаргузории Los Angeles Times гуфта буд, ки дар ин рӯйдод бештар аз 25 нафар ҷароҳат бардоштанд.

барчасп: