Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда озмуни интихоби довталабонеро эълон мекунад, ки дар Федератсияи Русия таҳсил хоҳанд кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби довталабоне, ки дар Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия таҳсил хоҳанд кард, озмун эълон мекунад.

Муҳтарам хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон!  Ҳоло барои шумо имкони хубе пеш омадааст, ки маълумот ва маҳорату малака барои иҷрои корҳои наҷот  - наҷоти ҳаёти инсонҳоро дарёфт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуи интихоби довталабон барои дохил шудан ба Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия барои солҳои  2020-2021 эълон мекунад. Дар ин озмун ҷавонписарони аз 17 то 24-сола ширкат карда метавонанд.

Таҳсил дар самти  омодагии “Бехатарии техносферӣ” (бо мушаххасоти “Ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулода”) мегузарад ва донистани забони русӣ шарти ҳатмии озмун мебошад!

Интихоби номзадҳо дар асоси озмун ва аз рӯи натиҷаҳои имтиҳонҳо  аз фаннҳои забони русӣ, физика, математика ва меъёрҳои омодагиҳои ҷисмонӣ, сурат мегирад. 

Муддати таҳсил 4 сол рӯзона аст ва хатмкунандагон соҳиби тахассуси “Бакалавр” мешаванд.

Бояд қайд кард, ки дар ин ду мактаби олии махсус барои таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Донишҷӯён баъди қабул:

- бо хобгоҳи ройгон таъмин мешаванд;

- ба донишҷӯён дар давоми тамоми давраи таҳсил тибқи тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонунгузории Федератсияи Русия стипендияи давлатӣ пардохт карда мешавад;

- дар ин 4 сол таҳсил ба донишомӯзон устодони муваффақ ва мутахассисони баландихтисос дарс медиҳанд.

Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд дар ин озмун ширкат варзанд, бояд ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайатӣи шахсии КҲФ то охири моҳи марти соли 2020 ариза нависанд.

Ҳуҷҷатҳо бо суроғаи: 734013, ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, бинои 26, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ.

Тлефонҳо барои маълумот: (+992  37) 227-71-81, Факс: 221-91-19