Мулоқот бо намояндаи прокуратураи ҳарбӣ

28 январи соли 2020 дар доираи баланд бардоштани омодагиҳои касбии ҳайати шахсӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Р.Дарвозиев мулоқот баргузор шуд.

Ҳадафи аслии ин дидор фаҳмонидани масъалаҳо дар иртибот бо муқобила ба густариш ва пешигирии идеологияи экстремизм бо роҳҳҳо ва усулҳои ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ буд.

Дарвозиев Р. дар суханронии худ дар бораи зуҳурот ва падидаи хатарноки олам – терроризм, нигарониҳо дар мавриди ҷалби ҷавонон, оқибатҳои ҳалокатбори ин падида, ҷараёнҳои ғайрианъанавӣ, ки бисёр вақт боиси аз хонавода рафтан ва ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайвастани ҷавонон дар хориҷи кишвар мешаванд, нақл кард.

Вай аз ҷумла гуфт: “сиёсати давлати мо қабл аз ҳама ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ нигаронида шудааст. Ва мо ҳама мудофиини Ватанем ва бояд, ки қувваву неруи худро барои таҳкими кори пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм равона созем”.

Дар поёни мулоқот ҷонишини Раими КҲФ полковник Маҳмадзода Ҷ. ба корманди прокуратураи ҳарбӣ барои чунин суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос намуд ва аз ҳайати шахсӣ даъват кард, ки барои иҷрои қарзи хидматии худ софдилона хизмат кунанд ва ҳиссаи худро дар рушди мамлакат гузоранд.

барчасп: